МУРОҶИАТИ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон ва аъзои Палата
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба АМИТ «Ховар» имрӯз муроҷиатномаи раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон ва аъзои Палата дар робита ба паҳншавӣ ва пешгирии бемории сироятии СOVID-19 расид. Матни онро дар зер манзури хонандагон мегардонем:
«Чи тавре маълум аст, имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳонро хатари пандемияи «СOVID-19» (бемории сироятии каронавирус) фаро гирифтааст ва ҳар як фарди баномус дар самти коҳиш бахшидан ва рафъи ин беморӣ бо умедворӣ аз рӯзҳои нек баҳри мубориза ба ин беморӣ талош намуда истодааст.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Раёсат ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кишварҳои дӯст, шарикони рушд ва соҳибкорони ба нангу номусу ватандӯст барои дастгирии мубориза бар зидди бемории сироятии «COVID-19» дар давраи пандемияи коронавируси «COVID-19», изҳори сипос менамояд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва душвор аз фаъолияти соҳибкорон таъмини аҳолии кишвар ба хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар маводҳои аввалияи ниёзи мардум вобастагӣ дорад, ки ин на танҳо мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро бартараф мекунад, балки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон низ хело муҳим мебошад.
Аз ин лиҳоз бо мақсади таъмини иҷрои Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — «COVID-19» тамоми соҳибкорони Тоҷикистонро даъват менамоем, ки тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус— «COVID-19» ҷонибдорӣ намуда, амалӣ намоянд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд. Бинобар ин, набояд хотирҷамъу бепарво бошем. Вазъи баамаломада моро ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ, аҳли оила ва кормандони худ диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро дар хона, корхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қатъиян риоя намоем.
Дар ин рӯзҳо барои ҳар як шаҳрванд муҳим аст, ки муваққатан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намуда, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ реҷаи истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббиро риоя кунад. Риояи гигиенаи шахсӣ дар оила ва ҷои кор (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, корхона, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадан, махсусан шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, бо даст салом накардан ва ғ. тадбирҳои муҳими пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад.
Ба ҳамаи аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст муроҷиат менамоем, ки ҷиҳати тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории «COVID-19» бо мардуми шарифи Тоҷикистон якҷо бошем ва таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин балои асрро паси сар намоем.
Ҳамзамон аз ҳамаи соҳибкорон даъват менамоем, ки ба тарсу ҳарос ва таҳлука роҳ надода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд.
Дар вазъияти имрӯза ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус ва меҳру шафқати худро нишон дода, дар паҳлуи мардуми шарифи Тоҷикистон бошанд ва аз баланд бардоштани нарху наво ба таври сунъӣ худдорӣ намоянд.
Аз ин рӯ, аз ҳамаи аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯст дар дохил ва хориҷи кишвар ва дигар шаҳрвандони саховатманд даъват менамоем, ки дар пайравӣ аз иқдоми раиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ кардан аз бемории сироятии Коронавирус «COVID-19», вобаста ба имкониятҳои мавҷудбудаи худ саҳмгузор бошанд.
Итминони комил дорем, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, амалҳои неку хиради мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ин вабои аср пирӯз хоҳем шуд. Барои дастгириву амалҳои некбинонаатон изҳори сипоси Раёсати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мерасонем.
Бо эҳтиром,
Раиси Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода».








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






