ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмудат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борон меборад. Дар шарқи вилоят боришоти суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмудат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1185 нафар занон беш аз 29 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






