«Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум»-таҳти чунин унвон дар Кӯлоб аксия доир шуд

Май 27, 2020 10:21

КӮЛОБ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин шаҳр  таҳти унвони “Раҳмат ба табибон барои наҷоти мардум” аксия ташкил намуданд. Дар назди беморхонаи сироятии шаҳр кормандони шабакаҳои барқӣ ва Ҳизби Халқии Демократ Тоҷикистон бо шиору навиштаҷот бо ҳам омада, ба табибон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ дар табобати беморон миннатдорӣ изҳор карданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки роҳбарияти давлат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои мубориза бар зидди бемории сироятии каронавируси КОВИД- 19 муттаҳид шуда, дар ин роҳ ба табибони ҳозиқ ҳамаҷониба кумак менамоянд.

Тавре  корманди шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб  Баҳриддин Маҳмудов иброз дошт, “онҳо тасмим гирифтаанд, ки барои хизматрасонии шабонарӯзии табибон  дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр аксия ташкил карда, ба табибон кумак расонанд. Мо ҳамеша дастгири табибон ҳастем ва дар оянда низ кумаки худро ба онҳо мерасонем. Зеро онҳо шабонарӯзӣ заҳмат кашида,  беморонро аз ин бемории сироятӣ наҷот медиҳанд”.

Дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 140 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуда, пас аз шифо ёфтан аксарияти онҳо ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Ҳоло 36 нафар беморон  табобат мегиранд, ки саломатиашон хуб аст. Роҳбарияти шабакаҳои барқӣ ва кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуданд, ки минбаъд низ табибонро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб ба 20 нафар кормандони беморхона дар ҳаҷми 250 сомонӣ кумаки пулӣ расонид. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ҳамин гуна кумакҳо ба дигар табибон низ расонида шаванд.

Май 27, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд