Ширкати «IRS»: Роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ кушода аст

Май 4, 2020 12:10

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Овозаҳо дар мавриди   вобаста ба бемории коронавирус COVID-19 баста шудани роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ  асоси воқеӣ надоранд. Айни замон  роҳ кушода буда, масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон  баҳри ташкили ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати  мазкур Далери Абдулло хабар дод.

«Тавре  қаблан иттилоъ додем, дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1 май  то 31 августи соли равон  маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.  Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад»,-илова кард Д.Абдулло.

Номбурда аз  шаҳрвандони мамлакат  хоҳиш намуд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва   маълумоти саҳеҳро  доир  ба вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ  аз   сайти филиали Ширкат ва саҳифаи он дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дарёфт намоянд.

«Дар робита ба пешгирӣ аз бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат корҳои безараргардониро дар роҳи мазкур тақвият  бахшидааст.  Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуданд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад», — афзуд манбаъ.

 

Май 4, 2020 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд