Ширкати «IRS»: Роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ кушода аст
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Овозаҳо дар мавриди вобаста ба бемории коронавирус COVID-19 баста шудани роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ асоси воқеӣ надоранд. Айни замон роҳ кушода буда, масъулини филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон баҳри ташкили ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати мазкур Далери Абдулло хабар дод.
«Тавре қаблан иттилоъ додем, дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво бояд аз 1 май то 31 августи соли равон маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешуд. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Чун ҳарорати ҳаво нисбатан паст омад, роҳбарияти филиали Ширкат тасмим гирифт, ки ин иқдом то 13 майи соли ҷорӣ мавқуф гузошта шавад»,-илова кард Д.Абдулло.
Номбурда аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш намуд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва маълумоти саҳеҳро доир ба вазъи роҳи Душанбе – Чаноқ аз сайти филиали Ширкат ва саҳифаи он дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дарёфт намоянд.
«Дар робита ба пешгирӣ аз бемории коронавирус роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат корҳои безараргардониро дар роҳи мазкур тақвият бахшидааст. Илова бар ин, теъдоди зарурии дастгоҳҳои ҳароратсанҷ харидорӣ шуда, ба тамоми плазаҳо, коргоҳҳои истеҳсоли асфалт, нуқтаҳои вазнченкунӣ ва намояндагиҳо дастрас шуданд. Чунин тадбирандешиҳо замина фароҳам оварданд, ки дар ҳолати зарурӣ ҳарорати тани мусофирону ронандагон санҷида шавад», — афзуд манбаъ.








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






