Шодихон Ҷамшед: Масъулини телефонҳои боварӣ ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед масъалаи фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии пойтахтро баррасӣ намуда, гуфт, ки бояд масъулини телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ мутахассисоне таъйин карда шаванд, ки тавонанд ба муроҷитакунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ диҳанд. Шаҳрвандон низ метавонанд дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои сирояти коронавирус ба табибони оилавӣ ва маркази саломатии маҳалли худ занг бизананд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, бо мақсади сари вақт қабул намудани муроҷиати шаҳрвандон ва фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе телефонҳои боварӣ ташкил шудаанд, ки шабонарӯзӣ фаъол мебошанд.
Ҳоло дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт пайдо намудани гирифторони COVID-19 ва ба табобат фаро гирифтани онҳо телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 511 ва 311 ташкил шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба онҳо муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






