Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони www.ctd.tj (Committee Tourism Development) мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат барои фаро гирифтани маълумоти зарурӣ дар бахши сайёҳӣ ва фаъолияти Кумита сомонаи Кумита зери унвони www.ctd.tj (Committee Tourism Development) мавриди истифода қарор дода шуд», — иброз доштанд масъулини Кумита.
Почтаи электронии сомона низ таҳти унвони info@ctd.tj фаъол гардонида шуда, хоҳишмандон метавонанд тариқи имейли мазкур таклифу пешниҳодҳои худро ирсол намоянд.
Зимни таҳияи сомона қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд, ба инобат гирифта шуданд. Ҳамчунин шакли мобилии сомона низ қобили дастрас мебошад.
Бо назардошти таҷрибаи сомонаҳои кишварҳои дар самти сайёҳӣ пешрафта тарҳу муҳтавои сомонаи мазкур мавриди такмил қарор дода мешавад.
Қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби Кумита аз соли 2017 инҷониб бо мақсади тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии мамлакат портали миллии сайёҳӣ зери www.traveltajikistan.tj бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, испанӣ, японӣ ва франсузӣ дар шабакаи интернет фаъол буда, истиноди портали мазкур қариб дар ҳама сомонаҳои вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ҷой дода шудааст.
Дар баробари ин, рубрика ё равзанаҳои алоҳида дар самти сайёҳӣ дар шабакаҳои телевизион ва радио, рўзномаву маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст.
ВАО-и чопию электронӣ яке аз воситаҳои қавии муаррифии мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд.
Бо назардошти он ки Тоҷикистон дорои табиати беҳамто мебошад, ба таври шоиста муаррифӣ намудани он тариқи ВАО дар арсаи байналамилалӣ барои рушди соҳа ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад. Дарвоқеъ, дар Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда аз ҳар яки мо масъулияти бештар тақозо менамояд.








Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






