ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 май, сешанбе, 133-юмин рӯзи соли 2020 аст

Май 12, 2020 08:00

12 майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи вақти Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд.

***

3 сол пеш, 12 майи соли 2017 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ канали «Водии Данғара-3»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Кохи Борбад Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин мулоқот карданд.

12 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Тоҷикистон – Рӯзи шашмақом.

***

Рӯзи байналмилалии ҳамшираи тиб.

***

Дар Ҷумҳурии Сербия – Рӯзи армия.

 РӮЙДОДҲО:

12 майи соли 2010 дар Мянма дар бозии давраи интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё /КФО/ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол — дастаи «Вахш» чемпиони Покистон — дастаи  «Озмоишгоҳҳои тадқиқотии Хон»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд.

***

12 майи соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Туркия таҳсил доранд, дар озмуни ҳамасола миёни беҳтарин муҳандисони Туркия мақоми аввалро соҳиб шуданд.

***

5 сол пеш, 12 майи соли 2015 Бонки рушди Осиё бонки «Эсхата»-ро ҳамчун бонки пешбар — ҳамкор оид ба тиҷорат ва маблағгузорӣ дар Тоҷикистон эътироф намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1954 Украина узви ЮНЕСКО шуд.

***

12 майи соли 1993 Эстония ба узвияти Шӯрои Аврупо қабул карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 Маркази фарҳанги тоҷикон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 65-солагии Ғалаба бар фашизм шоми мусиқавии миллатҳо — «Биёед дӯст бошем!»- ро баргузор намуд.

***

Соли 2012 аввалин ҷаласаи Шӯрои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 12, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, якшанбе, 336-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2024 аст