ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 май, якшанбе, 124-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 3, 2020 08:00

3 майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Япония, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии  Венесуэла эътимоднома супориданд.

***

6 сол пеш, 3 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони франсавӣ ба нашр расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Москваи Федератсияи Россия Маркази забону фарҳанги тоҷик ифтитоҳ гардид.

 3 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии матбуоти озод.

***

Рӯзи офтоб.

***

Дар Япония – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Полша – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

3 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Созмони умумиҷаҳонии туристӣ муҳокима карда шуд.

***

3 майи соли 2012 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои журналистии мамлакат ВАО-ро қадрдонӣ намуданд. Дар ин рӯз аз ҷумла радиои «Ховар» бо ҷоизаи «Падидаи сол» сарфароз гардонида шуд.

***

8 сол пеш, 3 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии дурӯзаи «Фазои меъморӣ: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.

***

3 майи соли 1991 дар пойтахти Намибия «Деклоратсияи Виндҳук» ба имзо расид, ки ҳукумат ва давлатҳои ҷаҳонро ба таъмини озодии матбуот ва хусусияти демократӣ доштани он даъват мекунад.

***

3 майи соли 2018 дар Душанбе ҳолати вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1904 ихтироъкори америкоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қалами худро ихтироъ намуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Май 3, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст