ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 май, сешанбе, 126-умин рӯзи соли 2020 аст

Май 5, 2020 08:00

5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Директори генералии вақти ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони қадрдонӣ аз саҳми намоёну фаъолияти пурмаҳсулашон дар густариш додани ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ЮНЕСКО медали тиллоии ЮНЕСКО-ро, ки ба гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таъсис ёфтааст, тақдим намуд.

***

6 сол пеш, 5 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.

 5 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза барои ҳуқуқи маъюбон.

***

Рӯзи байналмилалии доя  (акушер).

***

Дар Эфиопия – Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 майи соли 1947 Осорхонаи санъати тасвирии ҶШС Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

5 майи соли 2007 дар шаҳри Душанбе дар назди Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия мактаби Тоҷикистон – Россия ифтитоҳ гардид.

***

10 сол пеш, 5 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ба имзо расид.

***

5 майи соли 1956 дар шаҳри Токиёи Япония аввалин Чемпионати чаҳон оид ба дзюдо баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Элизабет-Ситии ИМА дар фарҷоми Чемпионати озод оид ба тэквандо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар санҷиши умумидаставӣ мақоми аввалро касб намуд.

***

Соли 1966 дар Россия аввалин шумораи ҳафтаномаи «Книжное обозрение» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Май 5, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш