«Таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ИДМ»: видеоконференсия миёни намояндагони донишгоҳҳои Иттиҳод

Май 27, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар як вақт 85 кишвари ҷаҳон барои кумак ба Хазинаи байналмилалии асъор муроҷиат кардаанд, ки дар таърихи 75-солаи Хазинаи мазкур ҳеҷ гоҳ дар як вақт ин қадар маблағгузории фаврӣ дархост нашуда буд. Ин нукта 26 май зимни видеоконференсия миёни намояндагони донишгоҳҳои ИДМ вобаста ба таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ изҳор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар видеоконференсия, ки таҳти унвони «Таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ИДМ» гузашт, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, намояндагони Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, донишгоҳҳои давлатии Санкт-Петербург, Беларус, Молдова, Боку, Ереван, Донишгоҳи миллии Қазон ба номи Ал-Форобӣ, Донишгоҳи давлатии Ӯш ва Институти кишварҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки пандемияи COVID-19 дар тамоми ҷаҳон мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба бор оварда, аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин вабо талафоти зиёди молиявию иқтисодӣ дида истодаанд.

Дар ин арса ҳамкории кишварҳои ИДМ дар мубориза бо оқибатҳои манфии сирояти коронавируси нави  COVID-19 аҳамияти муҳим дорад. Иқтисодиёти ин кишварҳо аз ҳамдигар сахт вобаста буда, дар байни онҳо робитаҳои наздики кооперативӣ, сармоягузорӣ ва муҳоҷиратӣ мавҷуданд. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки дар якҷоягӣ метавонанд тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда ва мубодилаи иттилоотӣ оид ба вазъи имрӯза васеъ истифода баранд. Ҳамзамон бояд корҳои машваратӣ ва амалӣ дар мубориза бар зидди COVID-19-ро дар кишварҳо ҷоннок намоянд.

Май 27, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст