Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ

Май 27, 2020 17:07

ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 майи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат мавзӯи пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сироҷиддин Муҳриддин таҳвили саривақтии 64 тонна васоили муҳофизатии инфиродиро ба Тоҷикистон аз ҷониби UNICEF бо мақсади баланд бардоштани иқтидори бахши тандурустии мамлакат ҷиҳати вокуниш ба ин беморӣ муҳим арзёбӣ намуда, сипоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мусоидат ба он ҷониб расонид. Дар ин радиф, атрофи тадбирҳои банақшагирифташуда дар масъалаи таъмини пешгирии муассир ва мубориза бо бемории ҳамагир, омӯзондани кормандони соҳаи тиб, инчунин харидорӣ намудани таҷҳизоти тиббии зарурӣ барои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мубориза бо COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар баробари мушкилоти COVID-19 инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF, татбиқи лоиҳаҳои тарафайн дар мамлакат  ва дурнамои рушди ҳамкории муштарак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин ба Роҳбари Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Май 27, 2020 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид