«САТН» ва «Ҷавонӣ»: Ду корхонаи бузурги нассоҷии Хуҷанд фаъолияти худро пурра ба роҳ мондаанд

Июнь 16, 2020 13:41

ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Фаъолияти корхонаи «САТН» ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар коргоҳҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркардаи ниҳоӣ расонида мешавад. Айни замон пас аз маҳдудкуниҳои муваққатӣ коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолияти худро ба роҳ монда зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки  дар корхона аз ҷониби роҳбарияти он тамоми қоидаҳои санитариву гигиенӣ риоя гардида, аз даромадгоҳ ҳар як корманд пас аз безараргардонӣ вориди бино мешавад. Ҳамчунин кормандон бо ниқоби тиббӣ ва оина барои чашмон таъмин мебошанд, ки ин бевосита ба нигаҳдории саломатӣ ва пешгирӣ аз сироятёбӣ  равона карда шудааст.

Чунин тартиби кору фаъолият ба вазъияти имрӯза мувофиқ буда, барои тамоми корхонаҳои дигари истеҳсолии вилоят метавонад намунаи ибрат бошад.

Қобили қайд аст, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолии корхона ба содирот нигаронида шуда, имрӯзҳо ҳамзамон ниқобҳои тиббии истеҳсоли он аз лиҳози сифат метавонад ба маҳсулоти истеҳсолкардаи кишварҳои аврупоӣ рақобатпазир бошад.

ҶДММ «Ҷавонӣ» аз зумраи дигар корхонаи нассоҷии маркази вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз 5 коргоҳ иборат мебошад ва наздик 1000 нафар корманд ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Фаъолияти асосии корхона ин коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он то 1250 тонна дар як сол мебошад. Дар коргоҳ аз пахта матоъ истеҳсол гардида ҳамзамон сарулибос аз матои соф пахта  омода карда мешавад. Фаъолияти корхона ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне то коркарди ниҳоӣ расонидани маҳсулоти хоми ватанӣ аз ҷумла пахта равона гардидааст.

Имрӯзҳо корхонаи мазкур бо иқтидори пурра фаъолияти хешро ба роҳ монда дар давраи бемории сироятии COVID-19 бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои  дастгирии кормандон то 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ҳар яки онҳо дастрас карда шудааст.

Июнь 16, 2020 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид