«САТН» ва «Ҷавонӣ»: Ду корхонаи бузурги нассоҷии Хуҷанд фаъолияти худро пурра ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 16.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Фаъолияти корхонаи «САТН» ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар коргоҳҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, пахта то ба коркардаи ниҳоӣ расонида мешавад. Айни замон пас аз маҳдудкуниҳои муваққатӣ коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолияти худро ба роҳ монда зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар корхона аз ҷониби роҳбарияти он тамоми қоидаҳои санитариву гигиенӣ риоя гардида, аз даромадгоҳ ҳар як корманд пас аз безараргардонӣ вориди бино мешавад. Ҳамчунин кормандон бо ниқоби тиббӣ ва оина барои чашмон таъмин мебошанд, ки ин бевосита ба нигаҳдории саломатӣ ва пешгирӣ аз сироятёбӣ равона карда шудааст.
Чунин тартиби кору фаъолият ба вазъияти имрӯза мувофиқ буда, барои тамоми корхонаҳои дигари истеҳсолии вилоят метавонад намунаи ибрат бошад.
Қобили қайд аст, ки тамоми маҳсулоти истеҳсолии корхона ба содирот нигаронида шуда, имрӯзҳо ҳамзамон ниқобҳои тиббии истеҳсоли он аз лиҳози сифат метавонад ба маҳсулоти истеҳсолкардаи кишварҳои аврупоӣ рақобатпазир бошад.
ҶДММ «Ҷавонӣ» аз зумраи дигар корхонаи нассоҷии маркази вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз 5 коргоҳ иборат мебошад ва наздик 1000 нафар корманд ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Фаъолияти асосии корхона ин коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсолии он то 1250 тонна дар як сол мебошад. Дар коргоҳ аз пахта матоъ истеҳсол гардида ҳамзамон сарулибос аз матои соф пахта омода карда мешавад. Фаъолияти корхона ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне то коркарди ниҳоӣ расонидани маҳсулоти хоми ватанӣ аз ҷумла пахта равона гардидааст.
Имрӯзҳо корхонаи мазкур бо иқтидори пурра фаъолияти хешро ба роҳ монда дар давраи бемории сироятии COVID-19 бо тавсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии кормандон то 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва ба ҳар яки онҳо дастрас карда шудааст.








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






