Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»: Тақвияти фаъолият ва таъсиси маҳфилҳои доимамалкунанда
ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 8 июн ҷаласаи навбатии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо иштироки муовини раиси Ташкилот Дилноза Аҳмадзода доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа роҳбарони маҳфилҳои адибони ҷавони эҷодкору навқалам, «Фуруғи субҳи донӣ», технологҳои ҷавон, ҳуқуқшиносони ҷавон, стипендиатҳои ҷавон, ҳаҷвнигорони ҷавон ва аъзоёни фаъоли Ташкилот иштирок намуданд.
Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Дилноза Аҳмадзода вобаста ба ваъзи кунунии ҷомеаи имрӯза ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи волонтёрон дар ҳолати пендемияи COVID-19 ибрози назар намуда, ташаббус ва фаъолияти пурсамари волонтёрони ташкилотро дар ин давра барои мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Роҳбари навтаъини волонтёрони ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба иштирокчиён муаррифӣ ва ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки дар кутоҳтарин муҳлат тақвияти фаъолияти волонтёрӣ дар мамлакат, роҳҳои муассири ҷалби фаъолияти волонтёрӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногун, чораандешӣ намояд.
Дар рафти ҷаласа ҷиҳати тақвияти кори Ташкилот ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ташаббусу иқдомоти нав рӯи кор омада, як қатор маҳфилҳои доимамалкунанда таъсис дода шуд.
Инчунин дар доираи ташаббусҳои мазкур Неъматулло Қурбонов, роҳбари маҳфили «Роҳбаладон»- и назди Ташкилот интихоб гардида, муваззаф карда шуд, ки ҷиҳати омода намудани волонтёрони роҳбалади забондон дар муҳлати наздиктарин чораҳои зарурӣ биандешад.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






