Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»: Тақвияти фаъолият ва таъсиси маҳфилҳои доимамалкунанда

Июнь 9, 2020 08:54

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 8 июн  ҷаласаи навбатии Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо иштироки муовини раиси Ташкилот Дилноза Аҳмадзода доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар кори ҷаласа роҳбарони маҳфилҳои адибони ҷавони эҷодкору навқалам, «Фуруғи субҳи донӣ», технологҳои ҷавон, ҳуқуқшиносони ҷавон, стипендиатҳои ҷавон, ҳаҷвнигорони ҷавон ва  аъзоёни фаъоли Ташкилот иштирок намуданд.

Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  Дилноза Аҳмадзода вобаста ба ваъзи кунунии ҷомеаи имрӯза ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи волонтёрон дар ҳолати пендемияи COVID-19 ибрози назар намуда, ташаббус ва фаъолияти пурсамари волонтёрони ташкилотро дар ин давра барои мардуми Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.

Роҳбари навтаъини волонтёрони ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода ба иштирокчиён муаррифӣ ва ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки дар кутоҳтарин муҳлат тақвияти фаъолияти волонтёрӣ дар мамлакат, роҳҳои муассири ҷалби фаъолияти волонтёрӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногун, чораандешӣ намояд.

Дар рафти ҷаласа ҷиҳати тақвияти кори Ташкилот ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»  ташаббусу иқдомоти нав рӯи кор омада, як қатор маҳфилҳои доимамалкунанда таъсис дода шуд.
Инчунин дар доираи ташаббусҳои мазкур Неъматулло Қурбонов, роҳбари маҳфили «Роҳбаладон»- и назди Ташкилот интихоб гардида, муваззаф карда шуд, ки ҷиҳати омода намудани волонтёрони роҳбалади забондон дар муҳлати наздиктарин чораҳои зарурӣ биандешад.

Июнь 9, 2020 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад