ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТ: Идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ноҳияи Ховалинг

Июнь 8, 2020 16:28

ДУШАНБЕ, 8.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар ин давра дар ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи мазкур сохта ба истифода додани 60 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аксари иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Тавре раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иттилоъ дод, ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ҷалби соҳибкорон дар маркази ҷамоат сохтмони бинои дуошиёнаи маъмурии ҷамоат иборат аз 6 утоқи корӣ, толори маҷлис барои 60 ҷойи нишаст оғоз гардидааст. Дар корҳои сохтмонии нишооти мазкур 8 нафар сохтмончиён ва мутахассисони маҳалӣ ҷалб шудаанд.

Инчунин соҳибкорон корҳои бунёдкориро дар иншооти боғчаи бачагона барои сад ҷой вусъат бахшиданд. Бинои боғча аз ду ошиёна иборат буда, тибқи лоиҳа он ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд мегардад. Мутахасисон ва сохтмончиён бо ҷойи хоб, се вақт хӯрок ва музди меҳнат сари вақт таъмин мебошанд.

Ҳоло яке аз мушкилоти асосии сокинони ҷамоати деҳоти Шугнов валангор гардидани роҳ аз маркази ноҳия то ҷамоати деҳот ва деҳаи Шугнов мебошад. Барои сангфарш намудани роҳ роҳбарияти ҷамоати деҳот соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳотро ҷалб намуда, бо истифода аз техникаҳои Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия сангфаршкунии роҳ дар деҳаи Рубот идома дорад. Баъди анҷоми сангфаршкунӣ як қисмати роҳ мумфарш карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашни ва сангфаршкунии роҳ то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.

Июнь 8, 2020 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд