ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи августи соли 2020 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди кормандони шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят аз коргоҳи дӯзандагии мазкур маълумот дода шуд, ки дар ин коргоҳ 50 нафар занону бонувон соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, хусусан дар шаҳри Хоруғ сохтмони 74 адад иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ идома доранд, ки қисми онҳо аллакай мавриди ифтитоҳ қарор гирифта, то фарорасии ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ ҳамаи онҳо ба истифода дода хоҳанд шуд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






