ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода мешавад

Июнь 29, 2020 12:11

ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи августи соли 2020 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди кормандони шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят аз коргоҳи дӯзандагии мазкур маълумот дода шуд, ки дар ин коргоҳ 50 нафар занону бонувон соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, хусусан дар шаҳри Хоруғ сохтмони 74 адад иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ идома доранд, ки қисми онҳо аллакай мавриди ифтитоҳ қарор гирифта, то фарорасии ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ ҳамаи онҳо ба истифода дода хоҳанд шуд.

Июнь 29, 2020 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ 4 корхонаи саноатӣ, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд