Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон доир гардид

Июнь 27, 2020 09:36

ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилоӣ манбаъ, дар ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, муовинони вазирони молия, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти кумитаи ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ВМКБ» ва «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018, «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ҳисор, Файзобод, Нуробод ва Лахш» баррасӣ шуданд.

Дар фарҷом ҷаласа аз рўи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ба роҳ мондани муколамаи иҷтимоӣ барои муайян ва амалӣ гардонидани сиёсати шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории сетарафаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касбаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоён ҷиҳати таҳияи қарорҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои мувофиқакардашуда Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳоро новобаста ба шакли моликияташон дар самти бокортаъминкунии аҳолии бешуғл ҳамоҳанг месозад.

Июнь 27, 2020 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд