АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «НАВРАС»: милитсияи пойтахт бо наврасону кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид

Июнь 22, 2020 14:23

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти профилактикию фаҳмондадиҳӣ бо номи шартии «Наврас» амалӣ мегардад. Мақсад аз баргузории он пешгирии оворагардию кӯчагардии ноболиғон, баланд бардоштани савияи ҳуқуқӣ ва огоҳонидани шаҳрвандон аз оқибатҳои бемории коронавируси «COVID-19» мебошад. Вобаста ба ин аз ҷониби хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино дар кӯли «Ҷавонон», ки бо гарм шудани ҳаво наврасону кӯдакон ба оббозӣ машғул мешаванд, рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» доданд.

Гарчанде бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавируси «COVID-19» хонандагон пеш аз муҳлат ба таътили тобистона баромадаанд, то камтар ба берун бароянду саломатии худро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ нигоҳ доранд, вале мутаассифона бархе ноболиғон аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба кӯчагардӣ махсусан ба оббозӣ дар оби пур аз хошоку макони хатарнок машғуланд, ки ин амалашон метавонад боиси сироятёбӣ ва ғарқшавии онҳо гардад.
Чуноне дар ҷараёни амалиёти мазкур дар кӯли «Ҷавонон» мушоҳида гардид, ҳатто баъзе аз волидайн низ нисбати саломатии фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир намуда, онҳоро барои оббозӣ ба оби ғализ овардаанд.

Нисбати он нафароне, ки бе истифодаи ниқоби тиббӣ ба гаштугузор ва оббозӣ дар маконҳои хатарноку оби ифлос машғул буданд ва дар ҷараёни амалиёти мазкур мушоҳида гардиданд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамаи ин амалиёту корҳои фаҳмондадиҳӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатии сокинон равона шудааст. Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон махсусан волидайн хоҳиш менамояд, ки нисбати саломатии фарзандони худ бетафовут набошанд ва нагузоранд фарзандони онҳо ба кӯчагардиву оббозӣ дар маконҳои хатарнок машғул шаванд. Зеро кӯдакону наврасон метавонанд интиқолдиҳандаи беморӣ аз кӯча ба хона гардида, волидайн ва дигар аъзои хонаводаи худро сироят намоянд.

Июнь 22, 2020 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд