Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳри Турсунзода
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ 17 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд.
Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Абдулло Раҳмонзода зимни баргузории ҳамоиш иброз намуд, ки таъсиси стипендияи президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба қишри ояндасози ҷомеа мебошад. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад то насли ҷавони мамлакат дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва дўстдории Ватан тарбия ёфта, баҳри сайқал додани донишу маҳорати худ саъю талош намояд.
Дар охири ҳамоиш гирандагони стипендияи президентӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро иброз намуда, зикр намуданд, ки дар замони пуртазоду ҳассоси ҷаҳонишавӣ, махсусан паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки мушкилоти сиёсиву иқтисодиро ба бор овардааст, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ҳамчунин гирандагони стипендияи президентӣ, баён доштанд, ки бо рафтори намунавӣ таҳсилро идома дода, пайравони асили Пешвои миллат мегарданд.
Инчунин муроҷиатномаи ҷавонон, гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои номбурда, ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






