Дар дарёи Ғунди шаҳри Хоруғ пули дарозтарини мошингузар бунёд мегардад

Июнь 19, 2020 13:32

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва ҳайати кории муҳандисону мутахасисони Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ҳар чӣ зудтар оғоз бахшидан ба сохтмони пули калонтарин ва дарозтарин дар болои дарёи Ғунд дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ аз маҳали иншооти бунёдшаванда боздид намуданд. Лоиҳаи пули сохташаванда аз ҷониби бузургтарин ширкати лоиҳакашию купруксозии «Темелсу Интернешнли давлати Туркия» таҳия гардида, бо паҳноии 15 метр ва бо дарозии 100 метр бо иқтидори борбардории 100 тонна сохта хоҳад шуд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов  зимни шиносоӣ аз  лоиҳаи пул қайд намуд, ки кӯчонидани бинову иншооти зери сохтмон қарордошта бояд, дар доираи талаботи мавҷуда сурат гирифта, маблағи сокинон пардохт карда шаванд. Пули мошингузар  бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз 7 сутунпоя ва ду хатти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳарду тарафи ин пул роҳи пиёдагард сохта мешавад.  Сардори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Автострада» Усмон Сидиқов ба роҳбарияти вилоят ва аъзоёни ҳайати корӣ ду намуди тарҳи лоиҳаро муаррифӣ намуда изҳор дошт, ки ҳар таклифу пешниҳодҳои дар ин ҷо ироашуда, ҳангоми бунёди пул ҳатман ба инобат гирифта мешаванд.

Лоиҳаи пули мошингузар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ татбиқ гардида, ҷавобгў ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Дар асоси тарҳи мазкур панҷ хона, як мағозаю нуқтаи фурўши сӯзишворӣ ва дигар биноҳое, ки дар зери сохтмони роҳ қарор доранд аз ҷониби мутахассисони соҳа ҳисоб шуда, маблағи ин биноҳо пурра  ҷуброн карда мешаванд.

Аз тарҳи ин иншоот бар меояд, ки баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил бо дарозии 100 метр ҳамчунин роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Мутахассисон изҳор намуданд, ки бо бунёд гардидани ин пул танбашавии нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур аз байн меравад.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов  миннатдории амиқи худро аз номи бошандагони вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  баён дошт ва афзуд, ки маҳз бо сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ боз ҳам ободу зебо гардида, ба як макони дўстдоштаи сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст.

Июнь 19, 2020 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад