Дар Екатеринбург робитаҳои иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд

Июнь 11, 2020 15:29

ДУШАНБЕ, 11.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Челябински Федератсияи Россия зимни мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  Зафар Сайидзода бо муовини Вазири рушди иқтисоди вилояти Челябинск Дмитрий Глухарёв, ки бо ибтикори ҷониби россиягӣ доир шуд, баррасӣ шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгариии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои роҳандозӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Челябинск зоҳир гардид. Тазаккур дода шуд, ки аз нигоҳи содироти молу маҳсулот бо Тоҷикистон дар соли 2019 вилояти Челябинск дар миёни ҳамаи минтақаҳои Россия ҷойи ҳаштумро ишғол намуд.

Дар айни замон ду санади ҳамкорӣ мавриди амал қарор доранд. Ин ду санад Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ аз 14 сентябри соли 2010 ва Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноати Урали Ҷанубӣ аз 17 майи соли 2007 мебошанд. Сарфи назар аз ин, дар мавриди иштироки субъектҳои хоҷагидории вилояти Челябинск дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба пешбурди раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва дар соҳаи рушду тавсеаи интиқоли маҳсулоти хушсифати кишоварзии тоҷик ба  минтақаи Урали Ҷанубӣ  имконоти мавҷудаи фарох ҳанӯз хеле кам истифода мешавад.

Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ оид ба пешбурди раванди омодасозии Форуми (Ҳамоиши) роҳбарони минтақаҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки баргузориаш дар шаҳри Челябинск дар соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, диққати асосӣ доданд.

Июнь 11, 2020 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард