Дар шаҳри Исфара беш аз 13 ҳазор гектар боғи зардолу парвариш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имсол боғпарварони шаҳри Исфара ният доранд беш аз 15 ҳазор тонна ҳосили зардолу ҷамъоварӣ намоянд. Зеро дар шаҳри Исфара зиёда аз 13 ҳазор гектар боғи зардолу парвариш ёфтааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Дар шаҳри Исфара мавсими ғунучини меваи зардолу бо ҷӯшу хурӯш давом дошта, боғпарварон маҳсулоти ҷамъовардаи худро ба сокинони мамлакат ва хориҷӣ давлат содирот намуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки мардуми Исфара аз давраҳои хеле қадим бо боғдорӣ, парвариши меваҳои шаҳдбор шуҳрати бемисл доранд.
Ҳамчунин дар шаҳри Исфара баробари ба бозор бароварди маҳсулоти тару тоза, инчунин ба хушк намуди он низ машғул мебошанд. Зеро хушкмеваҳои тоҷик дар хориҷи мамлакат харидорони худро дорад.

ДАР АКС: муҷассамаи зардолу дар маркази шаҳри Исфара








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






