Дар шаҳри Исфара беш аз 13 ҳазор гектар боғи зардолу парвариш ёфтааст

Июнь 23, 2020 16:52

ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имсол боғпарварони шаҳри Исфара ният доранд беш аз 15 ҳазор тонна ҳосили зардолу ҷамъоварӣ намоянд. Зеро дар шаҳри Исфара  зиёда аз 13 ҳазор гектар боғи зардолу парвариш ёфтааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар шаҳри Исфара мавсими ғунучини меваи зардолу бо ҷӯшу хурӯш давом дошта, боғпарварон маҳсулоти ҷамъовардаи худро ба сокинони мамлакат ва хориҷӣ давлат содирот намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки мардуми Исфара аз давраҳои хеле қадим бо боғдорӣ, парвариши меваҳои шаҳдбор шуҳрати бемисл доранд.

Ҳамчунин дар шаҳри Исфара баробари ба бозор бароварди маҳсулоти тару тоза, инчунин ба хушк намуди он низ машғул мебошанд. Зеро хушкмеваҳои тоҷик дар хориҷи мамлакат харидорони худро дорад.

ДАР АКС: муҷассамаи зардолу дар маркази шаҳри Исфара

Июнь 23, 2020 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»

Маводҳои таҳлилӣ