Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни вилоятии «Рассоми ҷавон» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣозмуни вилоятии «Рассоми ҷавон» бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмун аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят рассомони ҷавони боистеъдоду эҷодкор, ки дар даври шаҳриву ноҳиявии озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуда, мусаввараҳои зебову пурмазмун пешниҳод намуданд. Ҳайати доварон ба маҳсули эҷоди рассомони наврасу ҷавон сазовор баҳогузорӣ намуданд.
Беҳтаринҳо муайян ва ҳамаи иштирокчиён бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад






