КӮРДИЛРО ТИНАТИ АҲРИМАНИСТ. Мулоҳизаҳои узви Иттифоқи журналистон Комрон Сафаров доир ба шахсони дорои тинати сиёҳ, ки таҳаммули равшаниро надоранд
ДУШАНБЕ, 13.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мегӯянд, ки ҳар касе дар торикӣ одат кардааст, аз рӯшноӣ сахт метарсад. Ин суханро ҳоҷати шарҳ додан нест, вале агар аз ҳар нуқтаи назар ҳам сари маъною мақсади он ҳарф занем, хулоса як аст: Шахсе, ки тинати сиёҳу торик дорад, ҳеҷ гоҳ таҳаммули равшанию равшанзамиронро нахоҳад дошт, — чунин нигоштааст узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Комрон САФАРОВ дар матлабе, ки ба АМИТ «Ховар» ворид гардид. Дар идома ӯ чунин ибрози андеша менамояд:
— Аз он, ки равшанзамирон бо ақлу идрок ва амалу рафтору кирдорашон рисолати зиндагисоз доранд, нафарони худхоҳ ва бефитрату нотавонбин ба онҳо душманӣ меварзанду бадгӯӣ мекунанд. Шефтаи ҳадафҳои нопок ва ғарқи хаёлоти зишт дигар ҳама одаму оламро фаромӯш карда, танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи атрофиёну афзудани ҳаммаслакони хеш аз разолату ҳасодат ва бешарафию бевиҷдониҳояшон натарсидаю нашармида, туҳмату буҳтонро силоҳ карда, барои амалӣ кардани ғаразҳои шахсӣ ва ё гурӯҳии хеш сафедро сиёҳ гӯён худро нафратзадаю расво мекунанд. Чунин шахсон мутаассифона дар рӯзгори мо низ ҳастанд. Яке аз онҳо ва пештозу думликконашон раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист. Ин худбохтаю раҳгумзадаи замони мо то ба ҳадде гумроҳу зулматнишин шудааст, ки дигар ба шуълаҳои дурахшону мунаввари зиндагӣ нафрат дорад, дида наметавонад, қалби касифу тинати ношарифаш аз равшанию равшангароӣ ҳарос дорад.
Касе, ки «стратегияи сабр»-ро (албатта манфиатҷӯёна) ҳамеша талқин менамуд(!) дидем, ки чӣ гуна сабру тоқат аз даст дод. Ба назар мерасад, ки ӯ солҳо мунтазир будааст, то пайте ёфта, боз ба иғвогарию дасисабозиҳояш идома диҳад. Бо оламгир шудани пандемияи «COVID-19» ин каждуми таги бӯрёро, ки муқтазои табиаташ аст, неши разолат ба ҷунбиш омад. Аз кадом як паскӯчаи тангу тор ба шавқуну ҳарзагӯиҳояш сар кард. Дар сартосари олам ин беморӣ инсонҳо, гурӯҳу табақаҳо ва ҳатто давлатҳоро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ водор кард. Аммо дар миёни беш аз 7 миллиард сокини сайёраи нозанини мо як нафар тавонист, ки ин бемориро аслиҳаи ғараз карда, ҷомеаро ба парокандагӣ ва қиёму ҷинояткорӣ даъват кунад. М.Кабирӣ бори дигар чеҳраи манфури худро муаррифӣ кард, яъне касе ки тарафдори сабр буду тарғибгари таҳаммулгароӣ аз офати ба сари мардумони олам омада истифода бурдан хост. Нагуфт, ки ин ҳам як бемории ногаҳонист, бояд сабр ва оқилона рафтор кард. Баръакс мардумро ба носабурӣ даъват кард. Чаро? Охир сабру таҳаммул касе карда метавонад, ки ӯ соҳиби имон аст. Зеро ҳама шарофатҳои одамро ҷавҳар боз ҳамон имон аст. Танҳо тинати аз ин ҷавҳари поку мубарро орӣ дида натавонист, ки ин бемории оламгир бузургтарин давлатҳоро ба зону нишонду дар вазъи ногувори иҷтимоӣ гузошт. Дида натавонист, ки давлати Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, тадбирҳои пешгириро амалӣ кард ва барои ҳамагуна эҳтимоли печидагии вазъ омодагӣ дид. Нагузошт, ки шаҳрвандонаш дар саҳну долони беморхонаҳо рӯи фарш аз ин беморӣ ранҷ кашанд. Касонеро, ки гирифтор шуданд бо шароиту имконоти тиббию табобатӣ фаро гирифт. Инро дида натавонист. Ҳол он, ки дар баъзе кишварҳо ҳолати пешгӯинашаванда ба вуҷуд омада, вазъиятро то ба дараҷаи назоратнашаванда наздик кард. (Албатта ҳадафи мо касеро маломату таъна кардан нест)… Хушбахтона дар ҳамаи давлатҳо вазъ тадриҷан таҳти назорат гирифта шуд, ки яке аз заминаҳои асосиаш ҳамкорӣ ва ҳамбастагии давлатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонист. Ҳама кишварҳои олам новобаста аз вазъи паҳншавии бемории мазкур дар қаламравашон ба ҳам дасти кӯмак дароз карданд, ҳизбу ҳаракатҳои давлатҳои дунё ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ барои тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз сирояти «COVID-19» якмаром гардиданд. Ба ҷуз як нафар ва як гуруҳи нотавонбин, ки аз пештози галаашон ном бурдем-Муҳиддин Кабирӣ.
Ҳамарӯза аз расонаҳо мебинем, ки роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сар карда аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва аъзои ҳарду палатаи парлумон, Сарвазир, муовинонаш, вазирон, раисони кумитаю идораҳои давлатӣ, вилояту шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату маҳаллаҳо, соҳибкорону зиёиён барои ба эътидол омадани вазъият тамоми тадбирҳоро меандешанд. Ҳамин гуна муносибати оқилонаю масъулиятшиносии давлат ва халқи Тоҷикистон боиси паст гардидани тарсу таҳлука, шиддат ва оқибатҳои мусибатноки ин беморӣ шуд. Магар ҳаминро шахси солимфикр ва беғаразу хайрхоҳе инкор карда метавонад? Бовар дорем, ки наметавонад, агар кӯрдил набошад.
Муроҷиату таъкиду супоришу дастур ва ҳидояту кӯмаку тадбирҳои амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъсис ва фаъолияти босамари Ситоди ҷумҳуриявӣ, ситодҳои идоравӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявию ҷамоатӣ, муташаккилона ба роҳ мондани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО, аз ҷумла телевизиону радио, ҳамчунин рӯ ба рӯ бо аҳолӣ, заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ, ба ҳамин самт нигаронидани фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳамкорию ҳамгироӣ, кумакҳои дуҷониба, табодули таҷриба бо кишварҳои минтақа ва хориҷи дур, ҳамчунин созмону ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ, ташкили суратҳисобҳои махсус, ҳимматбаландии соҳибкорону шахсони тавоно, ҳамрози аҳолӣ будани аҳли зиёи мамлакат, тамизу поккорӣ намудани кӯчаю хиёбонҳо ва иншооти маъмурӣ, хизматрасонӣ ва истиқоматӣ, оқилона муносибат намудани ҳар як сокини мамлакат барои пешгирии хатари паҳншавии бемории «COVID-19», ки имрӯз бо чашмони сар мебинем, воқеияти раднопазир аст, ки ин вазъ сад дар сад таҳти назорати давлат, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии «СOVID-19» ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иқдоми фарогиру бесобиқа барои ҳифзи рифоҳи рӯзгори мардум ва таъмини эътидоли иқтисодию иҷтимоии мамлакат аст. Магар ҳамин гуфтаҳоро инкор кардани шахси солимфикру беғараз имконпазир аст? Бовар дорем, ки не. Албатта боз ёфт хоҳанд шуд касоне, ки ин воқеияти рӯзро бешармонаю наҷавонмардона инкор хоҳанд кард. Кӣ? Ба қавли мардум: «Аз гапи пешакӣ тавба», боз ҳамон Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш. Ин ҷо ҳиссиёти бадгумонии ин ҷониб нест. Ин «гапи пешакӣ»-ро барои он мегӯем, ки ин тоифа борҳо сафедро сиёҳ гуфтаанду бо чунин шева ҳанӯз то истиқлолият мардумро ба гумроҳӣ кашидан мехостанду дар аввалҳо то андозае кашиданд ва мо оқибатҳояшро ҳам дидем ва то абадулобод дар ёди халқ он рӯзҳои шуме, ки ба сари мардум оварданд, мемонад.
Фаромӯш накардаем, ки ҷанги шаҳрвандӣ натиҷаи фаъолияти экстриместию террористӣ ва зиддиконститусионии ТТЭ ҲНИ буд, ки сабабгори гумроҳии ҷомеаи Тоҷикистон дар аввали солҳои навадуми асри гузашта мебошад ва тамоми аркони сиёсӣ ва бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро фалаҷ кард. Мамлакат дар вартаи ҳалокат қарор гирифт. Дар он рўзгори бесару сомон зиёда аз саду панҷоҳ ҳазор шаҳрвандони кишвари мо ҷони худро аз даст доданд, даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандон ва ҳазорон нафари дигар аз ҳамсарони хеш маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кўдак ятим монд. Беш аз 1 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон тарки маҳали доимии зист карданд. Гуреза шуданд. Зиллату хориҳо диданд. Ҳазорон ҳазор ҳамватанони ѓарибафтодаи мо дар мулкҳои бегона бо ёди Ватан ҷон доданд. Дар Афѓонистони ҳамсоя қабристонҳое пайдо шуд, ки онҳоро то ҳанӯз «гуристони фирориёни тоҷик» меноманд. Ҷанги дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид ва зарари маънавии он аз доираи ҳисоб берун аст.
Соли 2013 аснои мусоҳибаи телевизионие, ки бо чанд нафар сокинони мамлакат анҷом додаму дар мустанаде бо номи «Сабақи таърих» ҳамон сол пахш шуд ва имрӯз ҳам дар хазинаи телевизион маҳфӯз аст, сокини шаҳри Душанбе Набира Тағоева бо дили пурхун ва гиряи талх ба ёд овард, ки фарзанди хурдсолам аз гуруснагӣ фавтид. Ин модари ҷигархун суханашро дигар идома дода натавонист… Сокини ноҳияи Вахш Тошмаҳмад Кавраков бошад бо таассуфу ҳасрат ба ёд овард, ки ӯ ва ҳамсояҳояш аз гуруснагӣ ҳар гуна гиёҳу алафҳоро истеъмол мекарданду дар натиҷаи заҳролудшавӣ чандин нафар варам карда, ҳатто ҳалок ҳам шуда буданд. Рисолат Иброҳимова-сокини шаҳри Душанбе нақл кард, ки «Ҳангоми навбати нон дар назди мағоза як зани солхӯрда аз гуруснагӣ ҷон дод ва он лаҳзаи мудҳишро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам». Низорамоҳ Анварова ном сокини ноҳияи Фархор аснои мусоҳиба гуфт, ки «Ҳар бор, ки луқмаи нонро ба даҳон мебарам, комам талх мегардад. Зеро ҳамсари ман солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз набудани нон тухми кадом як гиёҳи заҳрнокро хӯрда, варам кард ва ҷон дод». Раҷабмоҳ Сатторова, ки бо Низорамоҳ дар ҳамсоягӣ мезистанд, аз даст додани ду пайвандашро аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва қаҳтию гуруснагӣ гуфта, зор-зор гиря кард. Сокини ноҳияи Шаҳритуз Шарофиддин Нуриддинов чунин ба ёд овард: «Саркардагони ҲНИ мардумро ба шӯр оварда, мегуфтанд, ки агар ба майдон намеоед, зани шумо талоқ аст. Пул ҳам медоданд, то ки дар сафҳояшон бошем. Ман ҳам рафта будам майдони Шаҳидон, онҷо ҳама ҷавонон буданд, шикамашонро сер мекарданду ҳамашон истеъфо, истеъфо гуфтан мегирифтанд». Сокини дигари ҳамин ноҳия Хосият Камолова, гуфт, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ писарашро силоҳбадастони ҲНИ ба қатл расониданд. Ҷасади пора-пораи ҷигарбандашро 24 тир ғалбер кардааст. Чунин ҷазои даҳшатнокро барои он равояш дидаанд, ки хонаводааш аз одамони замонавӣ ба ҳисоб мерафтанду тундгароёни исломӣ чунинҳоро кофир меҳисобиданд. Сайфулло Хушмуродов ҳам, ки сокини ноҳия Шаҳритуз буд, дар суҳбати мо ба ёд овард, ки радикалистони исломӣ бародарашро барои коммунист буданаш парронда буданд. Раҳима Раҷабова-сокини 70-солаи (соли 2013) ноҳияи Қубодиён, ки вуҷудаш аз дард меларзид, гуфт, ки ду писар ва шавҳараш аз соли 1992 инҷониб беному нишонанду то ҳол чашминтизор аст. Намедонад, ки зиндаанд ё… Музаффар Исмоилов ном сокини ноҳияи Қубодиён ба ёд овард, ки ҳамаи ин фоҷеаҳо аз масҷид оғоз ёфта буд. «Одамонро ҷамъ карда, ба ҷиҳоду мубориза даъват мекарданд, касе саркашӣ мекард, бо сахттарин ҷазо гирифтораш мекарданд. Ҳатто аз як оила 11 нафарро кушта буданд», гуфт ин ҳамсуҳбати мо. Бо омади кор ҳамон сол бо як сокини ноҳияи Вахш ҳамсуҳбат шудем, ки ӯ ҳам шоҳиди бевоситаи даҳшату бераҳмиҳои саркардагону аъзои ТТЭ ҲНИ будааст. Ин мусоҳиби мо-Одилҷон Ҷумъаев аз ҷаллодхонаи ҳамон давраҳо хеле машҳур, ки бо шунидани номаш дар баданҳо раъша медавид,-ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш ёдовар шуд. «Ин ҳаммом дар сари роҳи калон ҷойгир аст. Дар он ҷо штаб доштанд ва мошинҳоро манъ карда, калидро аз соҳибаш мегирифтанд. Дар пеши соҳибаш мошинро ба яке аз аъзои гурӯҳ туҳфа мекарданд, мана ин мошин азони ту гуфта ва соҳибашро дохили ҳаммом мебурданд ва бо ҳамин ӯ дигар нест. Дар ҳамон ҷо дар дегҳои калон сақичро ҷӯшонида, баъзе одамонеро, ки саркашӣ мекард, даруни ҳамин сақич мепартофтанд. Ин ҳодисаҳои дар ҳаммом рӯйдодаро имрӯз ҳам касе инкор карда наметавонад, тамоми Тоҷикистон медонад». Аз мусоҳиби худ кутоҳакак пурсидам, ки ин ситоди гуфтаатон (ҳаммоми совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Вахш) таҳти назорати кӣ буд? Дар ҷавоб Саид Абдуллои Нурӣ, гуфта, суханашро чунин идома дод: «Дар шафати ҳаммом як масҷиде бунёд кардан мехостанд, иборат аз се ошёна-ду ошёнааш зеризаминӣ ошёнаи сеюмашро то охир нарасонда буданд. Дар ҳамон ду ошёнаи зеризаминӣ аллакай ҷойҳои махсус, ба қавле станокҳо сохта буданд, барои итоатнамекардагиҳо-ҷавононро ҷазо додан, яъне корҳои ношоиста… Бубинед, фикрошон чӣ гуна будааст». (Дар навор ваҷоҳату оҳанги гуфтори мусоҳиб дар ибораи охирон хеле таассуфноку ғазаболуд аст.)
Акнун қазоват кунед, ки ин ҷо хотираи ҳамагӣ 10 нафар оварда шуд. Ҳол он, ки тамоми насли калонсол ва миёнаумри Тоҷикистон ин даҳшатҳоро дар ёд доранд. Вале саркардагони ТТЭ ҲНИ аз оғоз то имрӯз аз адолату инсоф ва ислому парҳезгорӣ сухан гуфта, худро ҳомию пуштибон ва ғамхори халқ вонамуд мекунанд. Ин зархаридони доираҳои манфиатҷӯи хориҷ ин қадар ғаму кулфатро ба сари халқ оварданд. Боз омаданду нони ин халқро хӯрданд. Вале ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузошту боз ҳам мисли солҳои навадуми асри гузашта аз хоҷагони худ маблағҳои ҳангуфт гирифта, дар сар ҳавои хиёнат даст ба ошуб заданд. Ба зудӣ сари хешро чу гирдоб хӯрданду саркардагонашон боз дар ба дару кӯ ба кӯ, ин бор дар Аврупо хурҷини гадоӣ сари китф бадгӯиву ҳасодат ба халқу ватани худ карда, аз девсирату аҳримансифатии хеш дарак медиҳанд.
Имрӯз қариб 10 миллион нафар аҳолии мушкилнописанди Тоҷикистон шукронаи ин Ватани ободу шукуфо мекунанд. Зеро саодати ин халқи ҷафокашида буд, ки Офаридгор дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати мо Пешвои муаззаме ато фармуд, ки халқро ба сўйи иттиҳоду ҳамбастагӣ, иқболу хуррамиҳо ва асолату худшиносӣ раҳнамоӣ кард. Дар роҳи пуршебу фарози бунёди давлатидории миллӣ, ҳар қадами ин ҷигарбанди фархундапайи миллати фаррухнажоди мо файзбору пурбаракат аст. Натиҷаи азхудгузаштанҳо, заҳматқариниву синасипаркарданҳо ва ҷасорату бунёдкориҳои раҳбараш буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар домани паҳновари Осиё ҳамчун нигини саодату сарбаландӣ ва ободию фаровонӣ шуълавар гардид ва бар дилу дидаҳо гармиву рўшноӣ бахшид. Бо дидани ин ҳама воқеияти зиндагӣ ҳар соҳиби дидаи бино ва ҳар нафари дилогоҳ бо шукрона аз неъмати бебаҳои озодӣ барои ободию шукфоӣ талош меварзад. Муқаддастарин сарзамин-Ватани худро дуст медорад. Аз ифтихори соҳибватанию соҳибдавлатӣ то фалак сар мефарозаду меболад. Меболад, ки ў ба Тоҷикистон ва Тоҷикистон ба ў тааллуқ дорад. Меболад, ки агар дар анбўҳи миллионҳо сайёраву ситора Замин нигини коинот бошад, Тоҷикистон-Ватани азизи ӯ гӯшае аз биҳишт дар ин сайёраи зебост…
Комрон САФАРОВ,
узви ИЖТ