«КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон нашр гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат» маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд чоп гардид.
Дар ин китоб арзишҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷомеа ба китоб ва маънавият, мақому манзалати китоб дар замони муосир, роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ сухан рафтааст.
Муаллифони мақолаҳои нашргардида донишмандон ва адибони маъруфи тоҷик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки «Китоб –сарчашмаи маърифат» зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон Қосим Роҳбар нашр гардидааст. Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






