«КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон нашр гардид

Июнь 27, 2020 12:45

ДУШАНБЕ, 27.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Китоб-сарчашмаи маърифат» маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд чоп гардид.

Дар ин китоб  арзишҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби ҷомеа ба китоб ва маънавият, мақому манзалати китоб дар замони муосир, роҳу усулҳои баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, рушд ва вазъи китобхонаҳои мамлакат ҳамчун марказҳои илмиву адабӣ сухан рафтааст.

Муаллифони мақолаҳои нашргардида  донишмандон ва адибони  маъруфи тоҷик  Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, Саймумин Ятимов, Сайфиддин Назарзода, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров, Мирзо Муллоаҳмад, Равшан Раҳмонӣ, Зафар Сайидзода, Акрам Воҳидов, Камол Насрулло, Осим Каримзода, Ҷамшед Ҷӯразода, Усмонҷон Ғаффоров, Нӯъмонҷон Ғаффоров, Шарифмурод Исрофилниё, Давлат Сафар, Бахтиёр Ҳамдамов, Нуралӣ Нурзод ва дигарон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки «Китоб –сарчашмаи маърифат» зери назари  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон Қосим Роҳбар нашр гардидааст. Китоби мазкур ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.

Июнь 27, 2020 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Адрасмон корҳои созандагиву ободонӣ вусъат меёбанд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Дар Институти математика масъалаҳои муҳими усулҳои нави таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомада баррасӣ шуданд
САДА — МУЖДАИ НАВРӮЗ. Ин ҷашни бостонӣ ифодагари омодагии деҳқонон ба кишту кор мебошад
ҶАЛБИ БЕШТАРИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд