Маҳмадшариф Хақдод дар ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои ИДМ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус, намояндаи доимии ваколатдори ҶТ дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари ИДМ Маҳмадшариф Хақдод ширкат намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Ҷаласа дар шакли видеоконфронс сурат гирифт.
Дар он Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳод Виктор Гусманский иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи муштараки чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор оид ба татбиқи дастурҳое, ки аз қарорҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз 12 майи соли 2020 бармеоянд, инчунин пешниҳодҳои дар рафти иҷлосия ибрознамудаи сарони ҳайатҳоро тасдиқ ва рӯзномаи мулоқоти навбатиро мураттаб намуданд.
Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор инчунин пешниҳодҳоро ба лоиҳаҳои рӯзномаҳои ҷаласаҳои навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар назар аст 15 ва 16 октябри соли 2020 дар шаҳри Тошканд баргузор шаванд, баррасӣ намуд.
Мутобиқи нақша лоиҳаҳои рӯзномаҳои ҷаласаҳои дар пешистодаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор моҳи июли соли 2020 мураттаб хоҳанд шуд.
Илова бар ин, масъалаи тақсимоти вазифаҳои квотавӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар байни давлатҳои иштирокчии ИДМ, инчунин пешниҳоди ҷониби Россия дар мавриди зарурияти таҷдиди Муқаррарот дар бораи Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор ва як қатор масоили дигар муҳокима шуданд.
ДАР АКС: Маҳмадшариф Ҳақдод. Акс аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






