Марказҳои хизматрасонии «Бонки Эсхата» ба кор шуруъ карданд
ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата» ба хизматрасонии пурраи мизоҷонаш аз рӯи ҷадвали кории пештара шурӯъ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.
«Хурсандиовар аст, ки соҳаҳои гуногунии ҷумҳурӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолияти пештараи худ боз оғоз намуда, дастраси мардум гашта истодаанд. «Бонки Эсхата» низ марказҳои хизматрасонии бонкии худро, ки муваққатан аввали моҳи май аз фаъолият боздошта шуда буданд, кори худро оғоз намуданд», — афзуд манбаъ.
Дар робита ба беҳтар шудани вазъияти ҷумҳурӣ вобаста ба паҳншавии COVID-19, аз 15 июн марказҳои зерини хизматрасонии «Бонки Эсхата» бо назардошти риояи ҳамаи коидаҳои меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ба кори шуруъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май бо назардошти мактуби расмии Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 байни аҳолӣ «Бонки Эсхата» оид ба муваққатан боз доштани 27 маркази хизматрасонии бонкӣ эълон карда буд, ки 20 тои он аллакай аз нав ба кор шуруъ кард.
- н. Б.Ғафуров, к. Ленин 5
- н. Б.Ғафуров, ҷ. Хистеварз, к. Д. Зокиров б/р
- н. Б.Ғафуров, м. Дӯстии халқҳо, к. 1 Мая х. 13
- н. Ҷ. Расулов, ҷ. Гулхона, к. С.Мирмухсинов 38
- н. Ашт, ҷ. Понгоз, к. Бободархон 1
- н. Ашт, ҷ.Ориён, шаҳраки Шаҳринав, к. К.Назаров 4
- н. Ашт, ҷ. Шодоба, с. Қаҳрамон
- ш. Истаравшан, к. Х.Раҷабов б/р
- ш. Истаравшан, к. Ленин 112
- ш. Исфара, к. Марказӣ 21
- ш. Исфара, к. Ҷомӣ б/р
- ш. Конибодом, к. Ленин 125
- ш. Панҷакент, гуз. Рӯдакӣ 111
- ш. Бӯстон, к. Ленин 2
- ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, к. Н. Қарабаев 77, бозори Панҷшер
- ш. Ҳисор, ҷ. Ҳисор, д. Ҳисор
- н. Рӯдакӣ, ҷ. Чортеппа, ш. Айнӣ
- ш. Ваҳдат, к. Улуғбек 1
- ш. Бохтар, н. Шаҳритуз, к. И. Сомонӣ «Бозори Ином»
- ш. Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, ҷ. Ваҳдат
Бонк нақша дорад, ки 7 маркази дигарро рӯзҳои наздик боз кунад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд






