Марказҳои хизматрасонии «Бонки Эсхата» ба кор шуруъ карданд

Июнь 16, 2020 10:56

ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата» ба хизматрасонии пурраи мизоҷонаш аз рӯи ҷадвали кории пештара шурӯъ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.

«Хурсандиовар аст, ки соҳаҳои гуногунии ҷумҳурӣ оҳиста-оҳиста ба фаъолияти пештараи худ боз оғоз намуда, дастраси мардум гашта истодаанд. «Бонки Эсхата» низ марказҳои хизматрасонии бонкии худро, ки муваққатан аввали моҳи май аз фаъолият боздошта шуда буданд, кори худро оғоз намуданд», — афзуд манбаъ.

Дар робита ба беҳтар шудани вазъияти ҷумҳурӣ вобаста ба паҳншавии COVID-19, аз 15 июн марказҳои зерини хизматрасонии «Бонки Эсхата» бо назардошти риояи ҳамаи коидаҳои меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ба кори шуруъ карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи май бо назардошти мактуби расмии Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 байни аҳолӣ «Бонки Эсхата» оид ба муваққатан боз доштани 27 маркази хизматрасонии бонкӣ эълон карда буд, ки 20 тои он аллакай аз нав ба кор шуруъ кард.

  1. н. Б.Ғафуров, к. Ленин 5
  2. н. Б.Ғафуров, ҷ. Хистеварз, к. Д. Зокиров б/р
  3. н. Б.Ғафуров, м. Дӯстии халқҳо, к. 1 Мая х. 13
  4. н. Ҷ. Расулов, ҷ. Гулхона, к. С.Мирмухсинов 38
  5. н. Ашт, ҷ. Понгоз, к. Бободархон 1
  6. н. Ашт, ҷ.Ориён, шаҳраки Шаҳринав, к. К.Назаров 4
  7. н. Ашт, ҷ. Шодоба, с. Қаҳрамон
  8. ш. Истаравшан, к. Х.Раҷабов б/р
  9. ш. Истаравшан, к. Ленин 112
  10. ш. Исфара, к. Марказӣ 21
  11. ш. Исфара, к. Ҷомӣ б/р
  12. ш. Конибодом, к. Ленин 125
  13. ш. Панҷакент, гуз. Рӯдакӣ 111
  14. ш. Бӯстон, к. Ленин 2
  15. ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, к. Н. Қарабаев 77, бозори Панҷшер
  16. ш. Ҳисор, ҷ. Ҳисор, д. Ҳисор
  17. н. Рӯдакӣ, ҷ. Чортеппа, ш. Айнӣ
  18. ш. Ваҳдат, к. Улуғбек 1
  19. ш. Бохтар, н. Шаҳритуз, к. И. Сомонӣ «Бозори Ином»
  20. ш. Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, ҷ. Ваҳдат

Бонк нақша дорад, ки 7 маркази дигарро рӯзҳои наздик боз кунад.

Июнь 16, 2020 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6631 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1242 то 0.1210 сомонӣ муқаррар шудааст
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»