Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази мазкур.
«Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Бонки исломии рушд (БИР) дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Франсия барномаи бурсиявӣ дар соли хониши 2020-2021-ро барои довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар МТОК Франсияро доранд, эълон намудааст», — омадааст дар иттилоияи марказ.
Ба таъкиди манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо ва сабти ном то 30 июни соли 2020 тариқи мустақим (Online) сурат мегирад. Ҳоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро вобаста ба бурсияҳои таҳсилӣ ва сабти ном дар сомонаи www.isdb.org дарёфт намоянд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






