Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд

Июнь 25, 2020 16:56

ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои бурсияҳои таҳсилии БИР дар соли хониши 2020-2021 эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази мазкур.

«Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки Бонки исломии рушд (БИР) дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Франсия барномаи бурсиявӣ дар соли хониши 2020-2021-ро барои довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар  МТОК Франсияро доранд, эълон намудааст», — омадааст дар иттилоияи марказ.

Ба таъкиди манбаъ, қабули ҳуҷҷатҳо ва сабти ном то 30 июни соли 2020 тариқи мустақим (Online) сурат мегирад. Ҳоҳишмандон метавонанд маълумоти бештарро вобаста ба бурсияҳои таҳсилӣ ва сабти ном дар сомонаи www.isdb.org дарёфт намоянд.

Июнь 25, 2020 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд