Оғози ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 05.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардидааст.
Мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода иттилоъ дод, ки имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят иҷрои корҳои саҳроӣ, чун ҷамъоварии сабзавоту мевагиҳо, дарави ғалладонагиҳои хӯшадор ва хошок, инчунин ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ бомаром ҷараён доранд.
Тибқи иттилоъи манбаъ, кишоварзон баҳри саҳм гузоштан дар фаровонии бозори дохилӣ ва арзон гаштани нархи аслии маҳсулот дар моҳҳои январ ва феврал дар 1300 га замини хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои иқлимашон нисбатан мусоиди вилоят, чун Конибодом, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен, Зафаробод, Мастчоҳ, Исфара ва Ашт картошкаи барвақтӣ кишт намуданд.
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.
Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






