Об манбаи ҳаёт. Сокинони кӯчаи Ваҳдати ноҳияи Муъминобод бо об таъмин шуданд

Июнь 22, 2020 15:14

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони кӯчаи Ваҳдати ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо дарозии  1000 м бо қубури қутраш 76 мм ба об таъмин карда шуданд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи мазкур Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ин кӯча навтаъсис буда, зиёда аз 250 хонаи истиқоматӣ дорад. Ин иқдом ба ифтихори Ваҳдати миллӣ ва иҷрои як банди нақшаи 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Корхонаи фаръии обтаминкунӣ ва бо саҳми сокинони кӯчаи зикргардида  амалӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки аҳолии ноҳияи Муъминобод 95 000 буда, сокинони ноҳияи мазкур ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ, таъмири хонаю дар, тозаву озода намудани ҳавлӣ, кӯчаю маҳалла ва самаранок  истифода бурдани ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ камари ҳиммат бастаанду барои пешрафти ноҳия талош меварзанд.

Июнь 22, 2020 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд