ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавоӣ тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавоӣ тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дарҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва саҳар эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дарҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва саҳар эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дарҷа гарм ва рӯзона 37+42 дарҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24 дарҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дарҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+17дарҷа гарм ва рӯзона 23+28 дарҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






