ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавоӣ тағйирёбанда дар назар аст

Июнь 23, 2020 08:07

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавоӣ тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дарҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ва саҳар эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр  дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дарҷа гарм мешавад. 

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва саҳар эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 25+30 дарҷа гарм ва рӯзона 37+42 дарҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24 дарҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан суст дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дарҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+17дарҷа гарм ва рӯзона 23+28 дарҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 23, 2020 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ» конференсия доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Ширкати «Благо Труд» ба мутахассисон аз Тоҷикистон ниёз дорад
Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд
Дар Душанбе мубориза ба муқобили ҳашароти занбуруғӣ пурзӯр мегардад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Файзобод оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи зернизомӣ гузаронида шуд
РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба машғулияти гуногун фаро мегирад
Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»
«Нобаробарии рақамӣ» дар гузашта мемонад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 пурра омода мебошанд