ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳидавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши сусти марҳилавӣ дар назар аст. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






