Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ: Ронандаи фирорӣ боздошт гардид

Июнь 2, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ Ховар/. Тавре қаблан хабар додем, 31 май шаҳрванд Саъдуллоева Холбӣ Маҳмадаминовна, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортутро ҳангоми ба роҳрубӣ машғул буданаш дар кӯчаи Н. Қарабоев, ронандаи шахсияташ номаълум бо мошинаш пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор карда буд.

Аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, мошинашро ба шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе ҳозир намуданд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатияш 7222 СМ 01, шаҳрванд Алиев Сангмаҳмад Валиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Чортут мебошад, ки дар ҳақиқат 31 майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 03:10, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи Н. Қарабоев ҷавонзани роҳрӯбро пахш намудааст.

Номбурда ба ҷойи он ки дар ҷойи ҳодиса ёрии амалии худро ба ҷабрдида расонад, баръакс, худсарона ҷойи ҳодисаро тарк намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур санади дахлдор тартиб дода шуда, таҳқиқи он ҷараён дорад.

Айни замон ҷабрдида Холбӣ Саъдуллоева баъд аз муоинаи табибон ба хонааш рухсат шуда, саломатиаш хуб мебошад.

Июнь 2, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд