Сарвари давлат бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд

Июнь 30, 2020 08:13

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварз шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур аз соли 2007 инҷониб фаъолият дошта, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дорад. Ҳамчунин кишоварзони ин хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

Самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» парвариши сабзавот, аз ҷумла помидор буда, ҳамчунин ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ба рушди боғу токзор низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, аз 2 гектар замине, ки барои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, дар майдони 1,7 га боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.

Зимни боздид аз хоҷагии мазкур, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, аз заҳмати ҷавонмардонаи хоҷагидорону соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид карда шуд, ки кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад.

Киштзори деҳқонони ноҳия имсол пурбор буда, ҳадаф аст дар баробари бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот карда шавад. Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба васеъ гардонидани заминҳои корам ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳо амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар навбати худ хоҷагидорон аз дастгириҳои фаровони давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат, кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Боздид аз маданияти истифодаи самараноки замин дар Хоҷагии деҳқонии "Абдуғаффор Ҷабборов"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.06.2020

Июнь 30, 2020 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар намоиши зардолу ва асал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуанд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ карданд
Пешвои миллат дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Беморхонаи сироятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат»-ро ба истифода доданд
Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Имрӯз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар шаҳри Москваи Федератсия Россия
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд