Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд

Июль 4, 2025 13:56

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманд мебошад.

Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон иброз гардид.

Ҷонибҳо аз вазъи феълии муносибатҳои дуҷониба ва рушду густариши онҳо изҳори қаноат намуданд.

Идомаи татбиқи мувофиқатҳои дар мулоқоти гузаштаи сарони давлатҳо ҳосилшуда ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён 04.07.2025

Июль 4, 2025 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд