Ш.Шоҳин: Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО беморонашро аз COVID-19 ҳифз менамояд

Июнь 16, 2020 11:09

ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус корҳои профилактикӣ доир шуда, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ  бо маҳлулҳои антисептикӣ, хлор ва дигар маводҳои зиддивирусӣ таъмин мебошанд. Тавре директори Муассисаи  давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза  бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам» Шамсуддин Худойбахшов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бемории сирояти коронавирус бештар ба шахсони гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, фишорбаландӣ, бемории қанд ва нафароне, ки иммунитети баданашон нисбатан паст аст, таъсири манфӣ мерасонад.

«Ҳоло дар ноҳия 29 нафар гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, онҳо  ҳамеша таҳти назорати кормандони муассиса қарор доранд ва бо дорувориҳои лозима пурра таъмин мебошанд. Айни замон бо мақсади пешгирӣ аз COVID-19 беморон бо  семоҳа доруворӣ таъмин гардида, кормандон ҳамеша тариқи телефонӣ аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри Шамсуддин Худойбахшов, имрӯз МД «Маркази пешгирӣ ва мубориза  бар зидди бемории ВНМО» баҳри пурзӯр намудани  чораҳои  зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус ва ҳифзи кормандон чораҳои безараргардониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад дар даромадгоҳи муассиса  маҳлулҳои безараргардонӣ аз қабили хлор, маҳлули спиртӣ ва инчунин ниқобҳои яккарата, собун ва  дастпушакҳои резинӣ  гузошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бемории сироятии коронавирусии нави   COVID-19 қариб тамоми  ҷаҳонро фаро гирифта,  олимони соҳаи тиб кӯшиш ба он доранд, ки ҳарчи зудтар пеши роҳи ин пандемияро гиранд.  Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус  тамоми чораҳо анешида шуда истодааст. Маҳз чунин чораандешӣ аст, ки рӯз то рӯз шумораи беморӣ дар ҷумҳурӣ кам гардида, беморхонаҳо ба фаъолияти маъмулии худ гузашта истодаанд.

Июнь 16, 2020 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст