Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба шаҳри Хоруғ барқарор кард
ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз таътили як солу чор моҳ бо 16 нафар мусофир аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ парвоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Сарнишини тайёра Шукрихудо Додихудо иброз дошт, ки бо зиёд шудани мусофирон мо ҳамарӯза бе ягон мушкилӣ метавонем онҳоро дар кӯтоҳтарин фурсат ба шаҳри Хоруғ расонем.
Искандар Муносибов, мусофири ин парвоз гуфт, ки барқарор кардани парвозҳои доимӣ барои сокинони Кӯҳистони Бадахшон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро барои шахсони бемор ё дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, заноне ки кӯдакони хурдсол доранд, сафар бо мошини мусофирбар дар давоми 14-17 соат хеле мушкил аст.
Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки дар фаслҳои баҳору зимистон ба иллати ҷорӣ шудани селу афтодани кӯҳпора ё фаромадани тарма, мусофирон пас аз як шабонарӯз ба хона мерасанд, ки на ҳама қобилияти паси сар кардани ин мушкилиро дорад.








Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»






