Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба шаҳри Хоруғ барқарор кард

Июнь 23, 2020 14:20

 ДУШАНБЕ, 23.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тайёраи Ан-28 мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз таътили як солу чор моҳ бо 16 нафар мусофир аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ парвоз намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Сарнишини тайёра Шукрихудо Додихудо иброз дошт, ки бо зиёд шудани мусофирон мо ҳамарӯза бе ягон мушкилӣ метавонем онҳоро дар кӯтоҳтарин фурсат ба шаҳри Хоруғ расонем.

Искандар Муносибов, мусофири ин парвоз гуфт, ки  барқарор кардани парвозҳои доимӣ барои сокинони Кӯҳистони Бадахшон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Зеро барои шахсони бемор ё  дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, заноне ки кӯдакони хурдсол доранд, сафар бо мошини мусофирбар дар давоми 14-17 соат хеле мушкил аст.

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки дар фаслҳои баҳору зимистон ба иллати ҷорӣ шудани селу афтодани кӯҳпора ё фаромадани тарма, мусофирон пас аз як шабонарӯз ба хона мерасанд, ки на ҳама қобилияти паси сар кардани ин мушкилиро дорад.

Июнь 23, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид