Ширкати россиягии «Ritta Romani» ба дӯзандаҳои тоҷик ниёз дорад

Июнь 4, 2020 10:17

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати россиягии «Ritta Romani», ки либосҳои кӯдаконаро истеҳсол ва интиқол менамояд, дӯзандаҳоро аз  Тоҷикистон ба кори доимӣ даъват  намуда, онҳоро бо маоши арзанда таъмин менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия  Иброҳим Аҳмадов  хабар дод.

Аз ҷониби директори генералии ширкат ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия аллакай дархости расмӣ фиристода шудааст.

«Ҷойҳои холии корӣ  барои дӯзандаҳои  соҳибтаҷрибае, ки дар дӯхтани  либосвории трикотаж малака доранд, омода гаштаанд», — мегӯяд Иброҳим Аҳмадов.

Тибқи дархост, реҷаи  корӣ аз  рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз соати 08: 00 то 17:00 буда, маош аз 25000  то  40000 рубл мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки ширкати «Ritta Romani» бренди навест, ки  рушди   муваффақона дорад. Зери ин бренд номгӯи зиёди либосворӣ барои кӯдакони  навзод,  тифлакон  ва наврасон истеҳсол карда мешавад. Ҳадафи аслии  муассисони ин ширкат, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, истеҳсоли либосҳои  бароҳат ва тибқи мӯд дӯхташуда мебошад.

Қаблан ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия корхонаи хишти  «Кор» аз шаҳри Черепановои вилояти  Новосибирск низ муроҷиат намуда, шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват намуда буд.

Иброҳим  Аҳмадов  ҳамчунин гуфт, ки 2 июн ба намояндагӣ  аз роҳбарияти ҶДММ «ПЭК» барои ҳаммолон дар анборҳои шаҳрҳои Москва ва Королёв дархости дахлдор  ворид  гардид.

«Талабот ба кор чунин аст: синну сол аз 20 то 40, уҳдадорӣ: борбардории мошинҳои боркаш. Музди меҳнат аз 24 ҳазор рубл. Ташкилот хобгоҳи ройгон пешниҳод менамояд. Хароҷот барои ба расмият даровардани иҷозатнома аз ҷониби корфармо бо тарҳкунии минбаъда  пас аз 3 моҳ пардохт карда мешавад. Дар ҳолати фаъолияти на кам аз 11 моҳ дар ташкилот хароҷоти иҷозатнома баргардонда мешавад. Ғайр аз ин, ташкилот пешпардохтро ҷуброн менамояд, яъне андози ҳармоҳаи меҳнатро дар як моҳ 4 ҳазор рубл  ҷуброн мекунад», — гуфт ӯ .

АКС аз сомонаи  агентии Sputnik

Июнь 4, 2020 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад