Сироҷиддин Муҳриддин дар видеоконфронси байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарияти СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни видеоконфронс вазирон тақвияти иттифоқи назар бо кишварҳои шарики ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19 дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», мусоидат ва робитаи мутақобил дар барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ширкаткунандаи «Камарбанд ва роҳ» баъди ҳамагирӣ, инчунин дастгирӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»-ро баррасӣ намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»: муборизаи муштарак бо ҳамагирии COVID-19» қайд намуд, ки дар айни замон моро зарур аст, то баҳри пешгирии муштараки паҳншавии баъдии коронавирус ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоямон чораҳои амалии муштарак андешем.
Дар ин робита, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин кишварҳои дигар, муассисаҳои СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирӣ ва кумакҳои саривақтӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавируси нав дар кишвари мо изҳори сипос гардид.
Дар интиҳои чорабинӣ санади ниҳоии видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» қабул гардид.
Акс аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд






