Таҳти раёсати муовини Сарвазир ҷаласаи комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид

Июнь 23, 2020 19:32

ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ Ширин Исматуллозода ҷаласаи комиссия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аъзои комиссия — намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.

Дар ҷаласа вобаста ба вазъи раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва густариши ҳамкорӣ бо давлатҳо гузориши директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Исматулло Шодиён, вобаста ба ҳолати баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, гузориши муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, вобаста ба масъалаи густариш додани муносибатҳои байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ҳамкории густурдаи онҳо бо намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориши сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода шунида шуд.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Венгрия, Руминия, Беларус, Қазоқистон, Украина, Туркия ва Австрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидааст.

Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як зумра вазорату кумитаҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дигарон ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

Дар охир раиси комиссия вобаста ба таҷдиди назар намудани тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар, назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, баъд аз таҳсил баргардонидан ва бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёне, ки дар асоси бурсияҳо таҳсил намудаанд ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Июнь 23, 2020 19:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад