ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июн, панҷшанбе, 170-умин рӯзи соли 2020 аст
18 июни соли 2009 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯрои машваратӣ оид ба зиёд намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Барномаи «Баланд бардоштани фазои соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» қабул гардид.
***
6 сол пеш, 18 июни соли 2014 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон дидан карданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ба Бразилия сафар карданд.
18 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҳуқуқи инсон.
***
Дар Украина -Рӯзи нозирони минтақавӣ.
РӮЙДОДҲО:
18 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 44-уми Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
18 июни соли 2003 масъалаи рушди ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ гардид.
***
13 сол пеш, 18 июни соли 2007 дар шаҳри Душанбе Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва тасдиқкунии сарҳад ба кор (7-рӯза) шурӯъ намуд.
***
83 сол муқаддам, 18 июни соли 1937 аввалин маротиба дар ҷаҳон дар хатсайри Москва- Қутби Шимол –Ванкувер парвози бетаваққуф ба амал омад.
***
18 июни соли 1952 Англия нақшаи таъсис додани Федератсияи Африқои Марказиро эълон намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1994 Александр Попов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр (48,21сония) рекорди ҷаҳонӣ гузошт.
***
Соли 1932 дар Женева аввалин конференсияи байналмилалии Ассотсиатсияҳои баскетболи миллӣ баргузор гардида буд, ки дар он қарор оид ба таъсис додани Федератсияи байналмилалии баскетбол ба миён омад.